"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Тоҷикистон, Пешвои миллат, ҷавонон

Вохӯрии навбатии аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк»-и Кумитаи иҷрояи ҳизб дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Тоҷикистон, Пешвои миллат, ҷавонон» баргузор гардид. Дар вохӯрӣ аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ӯғулой Умаралиева ширкат варзида, доир ба дастовардҳои замони истиқлолият таҳти сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.


Нравится

Қабули шаҳрвандон

Санаи 16-уми январи соли 2016 тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қабулгоҳи ҷамъиятии назди Кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид, ки дар он вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Шарқ №14» Искандар Болтуев ширкат варзида, муроҷиати шаҳрвандонро шунид.


Нравится

Пешвои миллат- рамзи Сулҳу Ваҳдати миллӣ

Мулоқоту вохӯриҳои аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир ба ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат» ҳамарӯза баргузор гардида истодааст. Чунин вохӯриҳо санаи 14-уми январи соли 2016 дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар корхонаи воҳида давлатии «Хуҷандобуканал», Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров ва Экспертизаи Судию тиббӣ бо иштироки кормандони коргоҳҳои мазкур доир гардид, ки дар ин вохӯриҳо ташвиқотчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзида суханрониҳо намуданд.


Нравится