Имруз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ боло рафта мавқеву манзалати худро дарёфтааст. Ин ҳама муваффақиятҳо бошад осонӣ ба даст наомадааст, чӣ мушкилиҳое буданд, ки барои то ба ин дараҷа расидани давлати азизи мо монеа шуданд. Ҳоло дар кишвари мо чандин ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ, баргузор шуда истодаанд, аз ҷумла шаҳри Душанбе мизбони чорабиниҳои сатҳи олӣ, ҷаласаи якҷояи сарони  давлатҳои аъзои ИДМ ва нишасти сарвазирони кишварҳои аъзои СҲШ, Созмони машварат, ҳамкорӣ ва табдирҳои боварӣ дар Осиё  гардид.

Санаи 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки яке аз сохтмони азиме дар ҷумхури буд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам ба истифода дода шуд. Дар сатхи байналмилали бошад ташаббусҳои сарвари давлатамон вобаста ба аҳамияти об, барқарорсозию таъмини сулҳу оромӣ дар минтақа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, обрўю нуфузи кишвари моро дар ҷаҳон бо ҳам авлотар мегардонад.

Эълон шудани солҳои 2019-2021 солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шумораи зиёди меҳмонону сайёҳони хориҷиро ба Тоҷикистон ҷалб намуд, ки ин боиси ошно гардидани онҳо аз табиати нотакрор ва ободиву пешравии кишвар мегардад.

Аммо шахсоне ҳастанд, ки ин ободиву созандагии мардуми мо ва сиёсати пешгирифтаи халқи тоҷикро нодида гирифта, бо мақсади иғвоангезию бадномсозии давлату миллати мо ҳар гуна маводҳо ва хабарҳои туҳматкунандаро дар расонаҳои интернет паҳн менамоянд.

Доираи ин шахсонро аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ки гурехта дар Аврупо панаҳ бурдаанд ташкил намуда, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопок ва иҷрои супориши сармоягузорони хориҷиашон мехоҳанд боз ҳам ақидаҳои зиддимиллии худро сари мардум ва хусусан онҳое, ки имрўз дар хориҷа муҳоҷир ҳастанд, бор кардан мехоҳанд. Аъзоёни наҳзат пайваста кӯшиш менамоянд, ки амалҳои нопок ва ғайриқонунии худро бо роҳҳои гуногун рӯйпӯш намоянд ва ба хоҷагони худ нишон додан мехоҳанд, ки гуё онҳо ба мақсади худ расида истодаанд ва маблағҳои хоҷагонашонро самаранок истифода менамоянд.

Роҳбарону фаъолони Ҳизби наҳзати исломӣ бо вуҷуди ин хам баъди имзои созишномаи сулҳ авф гардиданд ва аз имкониятҳои фаровони иштирок карданро дар ҳаёти сиёсии кишварамон ба даст оварданд. Лекин дере нагузашта боз ҳаракатҳои ҷудоиандозӣ, террористӣ ва экстремистии худро нишон доданд, ки онхо касоне ҳастанд, ки барои манфиати худ аз ваъдаҳои худашон мегарданд.

Хотиррасон кардани ҳастам, ки аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотхои қудратии кишварамон ҳаракатҳои номатлуби ин ҳизб ошкор карда шуда се сол қабл ТЭТ ҲНИ ҳамчун хизби террористӣ ва экстремистӣ эълон шуда, фаъолияти он қатъ гардид.

Имрўз сиёсати Роҳбарияти кишварамон дар самти обод кардани Ватан, ҳифзу тақвияти сулҳу ваҳдати миллӣ аз ҷониби тамоми мардум пурра дастгирӣ меёбад.

Мо тоҷикон бо ифтихори милливу ватандустӣ бояд дар ободию пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми худро гузорем ва дар пешорўи хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароие, ки аз ҷониби ташкилотҳои гуногуни иғвоангез бармеояд, муттаҳид бошем.

              Қурбонназаров Б. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи

судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ