Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва  иҷрои дастуру супориши  Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ба ифтихори 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксия – роҳпаймоӣ таҳти унвони “ Конститутсия бақои миллат”   гузаронида шуд.

Дар аксия масъулин ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” мардумро бо 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд намуданд, ки Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. Бисту нуҳ соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.

Дар навбати худ мардум аз ин иқдоми пешгирифтаи кумиҷроия бисёр хурсанд шуда, сипосу самимияти худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд.