Санаи 16-уми январи соли 2016 тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қабулгоҳи ҷамъиятии назди Кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид, ки дар он вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Шарқ №14» Искандар Болтуев ширкат варзида, муроҷиати шаҳрвандонро шунид. Дар қабулгоҳи ҷамъиятӣ истиқоматкунандаи кӯчаи Қ.Собир, хонаи №37, маҳаллаи «Шарқ»-и шаҳри Хуҷанд, маъюби гурӯҳи дуюм М.Ҳошимова, истиқоматкунандаи кӯчаи Коммунистический №47, маъюби гурӯҳи дуюм Аҳрорхӯҷа Нуриддинов ва истиқоматкунандаи маҳаллаи Чашмаи Арзана, маъюби гурӯҳи дуюм Шоира Ҷалолова доир ба масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд. Аз ҷониби вакили номбурда ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд масъалаҳои муроҷиаткунандагон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳо чораҳои мушаххас андешида мешаванд.