Зери ин унвон дар доираи Нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар нимсолаи дуюми соли 2023, имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 - шаҳри Хуҷанд аз ҷониби масъулини кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр  иштирокчиёни Афғонистон, намоянда аз ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон " Созандагони Ватан" ва маорифи шаҳр бо ҷалби хонандагони синфҳои болоӣ ва волидайни муассисаи таълимӣ, вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худовезӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои интернетӣ, вобаста авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияҳои замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз, суҳбатҳо ороста шуд.