Мулоқоту вохӯриҳои аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир ба ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат» ҳамарӯза баргузор гардида истодааст. Чунин вохӯриҳо санаи 14-уми январи соли 2016 дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар корхонаи воҳида давлатии «Хуҷандобуканал», Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров ва Экспертизаи Судию тиббӣ бо иштироки кормандони коргоҳҳои мазкур доир гардид, ки дар ин вохӯриҳо ташвиқотчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзида суханрониҳо намуданд. Бояд ёдовар шуд, ки Пешвои миллати тоҷик, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали сарвариашон гунаҳкоронро бахшида, пайваста Авфи гуноҳ мекунанду дасти дӯстӣ ба қотилтарин душманон медиҳанд. Ин сулҳи деринтизор субҳи бовафои умед аст, ки ба шоми сиёҳи торикии миллат рушноии илоҳиро шӯълавар гардонида, мардумро ба иҷрои нақшаҳои ободкориву созандагии Сарвари давлатамон Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намуд. Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи моро бо меҳри падарона сахтгириҳои сарварона, ҷонфидоиҳои қаҳрамонона, симои рустамона ва қалби бекинаву амалҳои созандаву бунёдкоронаашон чун роҳбари оқилу хирадманд худшиносу меҳанпараст бо амалҳои созандаву бунёдкоронаашон наҷот доданд. Он рӯзҳо мардум бо камоли ақлу имон ба ин ҷавонмарди бохираду бошуҷоату сулҳхоҳу адолатпарвар сахт эътиқод карда буданд ва дида истодаанд, ки ин фарди илоҳии Худофиристода аз ӯҳдаи ин вазифаҳои басо мураккабу душвор бо сарбаландӣ баромада истодаанд. Нақшаҳои сулҳхоҳонаи сарвари давлатамон – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, нақшаҳои ҳаррузаамон бояд бошанд. Нагузорем, ки дар қисматҳои тинҷи ҷомеамон воқеаҳои нангини даҳшатбори ҷудоиандозӣ ва исломгароӣ рӯй диҳанд.