Вохӯрии навбатии аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк»-и Кумитаи иҷрояи ҳизб дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Тоҷикистон, Пешвои миллат, ҷавонон» баргузор гардид. Дар вохӯрӣ аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ӯғулой Умаралиева ширкат варзида, доир ба дастовардҳои замони истиқлолият таҳти сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии иттиҳоди Шӯравӣ дар давоми 24 соли истиқлолӣ бо талошҳои Сарвари оқилу чашмикордон, Президенти мардумӣ, шахсе, ки Ватанро аз нобудӣ наҷот додаст Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои зиёди назаррас ноил гардидаву халқи тоҷик имрӯз дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун халқи қадимӣ ва сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шуд. Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ барои мардуми тоҷик шахси Худодод буда, аз чунин Сарвари адолатхоҳ доштан тоҷикистониён ифтихори беандоза доранд. Бояд ёдовар шуд, ки дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳр аз аввалҳои қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» то инҷониб мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки мардуми шаҳри Хуҷанд, хусусан ҷавонон ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд.