Ба ифтихори Рӯзи забони тоҷикӣ дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҳфили адабӣ доир гардид. Ин иқдом аз ҷониби кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомешиносӣ сурат гирифта, дар он ба ғайр аз устодону донишҷӯён ҳамзамон адибон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, Муҳаммад Субҳон, нависанда ва Додохони Эгамзод, нависандаи ҳаҷвнигор, сармуҳаррири маҷаллаи бонувон «Ноҳид» ширкат варзиданд. Чорабиниро муовини директор оид ба таълим, номзади илмҳои физика ва математика Хуршед Мақсудов ҳусни ифтитоҳ бахшида, салому паёми директори донишкадаро вобаста ба Рӯзи забони тоҷикӣ ба самъи ҳозирин расонд. Ҳамзамон мавсуф аз раванди татбиқшавии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ дар донишкада изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки устодону донишҷӯёни донишкада барои покизаву нигаҳдошти асолати забони тоҷикӣ дар чанд соли охир корҳои бузурге анҷом додаанд, ки тафтишоти орфографии автоматикӣ, фарҳанги электронии луғатшиносӣ ва дар забони интеренет ҷорӣ кардани шрифти тоҷикӣ мисоли барҷастаи гуфтаҳои болоӣ шуда метавонад. Дар баромади хеш Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Додохони Эгамзод ва Муҳаммад Субҳон аз қадру манзалати забони модарӣ ҳарф зада, ин забонро забони шеър, забони муҳаббат номиданд. Ва аз ҳозирин даъват намуданд, ки вобаста аз шароиту имконот бештар китоб мутоила намоянд, то фарҳанги забоншиносии худро боз ҳам мукаммалтар намоянд. Дар қисмати фарҳангӣ шогирдони донишкада бо сароидани шеъру таронаҳо дар васфи Ватан, модар ва забон хотири аҳли нишастро шод намуданд. Ба ҳунари шеърхониву сарояндагии донишҷӯён адибон баҳои баланд доданд. Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.
Шарҳ додан
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 7470
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 7272
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 5609
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 5489
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 4931
-
Кӯдакон – ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат!2023-06-01 56
-
ҲАРКӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО ...2023-05-31 2
-
«РОҲИ СОМОН» ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ НАВ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД2020-11-25 689
-
10 000-умин аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд2015-11-05 1280
-
Баргузории мусобиқаи теннис, шашкаю шоҳмот миёни ҷавонон2018-05-23 1059
-
Хизмати родмардони Ватанро қадр мекунем2018-05-08 1155
Меҳмонон