Ба ифтихори эълон шудани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мусоидати сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин дар шаҳри Хуҷанд маркази таълимию дӯзандагӣ ташкил гардид. Ба ин муносибат  имрӯз бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Раъно Маҳмудзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Фаттоҳзода ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар бо доираи васеи ҳунармандони шаҳр маросими ифтитоҳи маркази мазкур баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ бо занони хонашин таъкид гардид, ки минбаъд бо мошинаҳои чокдӯзии тӯҳфанамудаи сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин, ки 17 ададанд, занони хонашин ва бешуғл метавонанд ба касбомӯзиву беҳтар намудани шароити иҷтимоиашон машғул шаванд.

Дар рафти чорабинӣ аҳли иштирокдорон аз растаҳои ҳунарии аҳли ҳунармандони шаҳри Хуҷанд дидан намуданд. Махсусан ба меҳмонон намоишҳои либоси миллии аз адрасу атлас дӯхташуда, зардӯзиву, нақшгарӣ, қолинбофӣ, пойафзолдӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ писанд афтод.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар зикр дошт, ки  ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагии имрӯза бори дигар аз сиёсати дарҳои кушод ва таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати аҳли ҷомеа дарак медиҳад. Тадбири мазкур барои дар сатҳи баланд доир намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои мо ҳизбиён таккони ҷиддие ҳоҳад бахшид.

Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки  дар остонаи таҷлили иди шукуҳманди солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва эълон шудани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳи боз як коргоҳи истеҳсолии дӯзандагӣ дар назди кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, ки бо мусоидати сафоратхонаи кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ҷумҳурии мардумии Чин рӯи кор омадааст, барои кулли ҳизбиён ва сокинони шаҳри Хуҷанд фоли нек  аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии худ таҳти сиёсати бомувафаққонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симои давлати бузурги Чин шарики стратегии худро дида, давоми беш аз 27 соли робитаҳои дипломатӣ садҳо барномаҳои муштарак рӯи кор омадааст.

Мо хуб медонем, ки робитаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон бо ҳизби Коммунистии Чумҳурии мардумии Чин дар сатҳи олӣ ба роҳ монда, ҳамасола роҳбарону масъулони ҳизб аз кору  фаъолияти якдигар дидан намуда, таҷрибаи  пешқадамро дар ҳаёти ҳизбӣ ҷорӣ месозанд.

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсолии дӯзандагӣ дар шаҳри Хуҷанд самараи ҳамкориҳои мутақобилаи ду давлат буда, бо дастгирии сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ дар дигар минтақаҳои кишвар низ дар назди кумиҷроияҳо таъсис ёфтанд.

Ба фаъолият шурӯъ намудани коргоҳи мазкур барои таъмини ҷойи корӣ, баланд бардоштани вазъи иҷтимоии занони хонашин ва ниҳоятан дар  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ армуғони хубе хоҳад буд барои занону бонувони мо.

Боиси хушнудист, ки дар сатҳи  давлат ва Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа корҳои бузургу созанда роҳандозӣ менамояд. Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат таъсиси озмуни ҷумҳуриявии «Фараҳ» беҳтарин занони ҳунарманди кишварро ба ҳам оварда, ҳамчунин бо гирифтани грантҳои Сарвари давлат, Раиси вилоят ва Раиси шаҳр солҳои охир сафи занони ташаббускору ҳунарманд дар кишвар ба маротиб боло рафт. Маҳз шароиту имконият фароҳам овардан барои коҳиши бекорӣ, баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ ва ниҳоятан барои боз ҳам хубтар гардидани  маърифати сиёсиву ҳуқуқи занон мусоидат намуд.

Итминони комил дорам, ки ба фаъолият шурӯъ намудани коргоҳи дӯзандагии имрӯза барои зиёд шудани сафи бонувони ҳунарманд ва баланд бардоштани дониши сиёсии онҳо мусоидат хоҳад кард. Он минъбаъд мактаби омӯзишӣ барои занону бонувони мо ҳоҳад буд. Муҳимтар аз ҳама дстиву тифоқии байни занон пойдор гардида, онҳо дар эъмори ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ саҳмгузор хоҳанд буд.

Раъно Маҳмудзода зимни суханронии худ қайд кард, ки дар доираи ҳамкории Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб бо сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин чунин марказҳои таълимиву дӯзандагӣ дар се минтақаи ҷумҳурӣ – шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Кушониён ва шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт ва ин ташаббус минбаъд идома хоҳад ёфт.  Зеро дар Барномаи ҲХДТ рушди соҳаи иҷтимоӣ дар мадди аввал қарор дошта, ҳадафи ҳизб  баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо мебошад.

Маликисломӣ Наим Мунаввар дар ҷамъбасти чорабинӣ сипосмандии кулли ҳизбиёни шаҳрро ба сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин ва дастгоҳи КИМ ҲХДТ баён дошта, бори дигар аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб ёдовар шуда, қайд кард, ки  ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯшиш мекунем, ки саҳми худро дар баланд бароштани сатҳи некӯаҳволии халқ ва маънавиёти сокинон гузорем.