Сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳури бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи Ҷиноятпешагон ва ифротгароёнро мегиранд. Азбаски халқи Тоҷикистон нисбат ба сарвари оқили худ меҳру муҳаббати беандоза дорад ин ғояҳои вайронкорона ҳоло дар ибтидои сабзиш решакан мешаванд.

Таъмини амният ва оромиву осудаги миёни мардумони кишвар дар мадди аввали таваҷҷӯҳи Пешвои миллат қарор дорад. Ин аст, ки дар баробари дигар масоили ба ин муаммо вобаста аз рафти фаъолияти кормандони мақомтҳои дахлдор натиҷгирӣ карда шуд, ки имрӯз сифати кор ва натиҷаи ба даст омада, ҳукумати кишварро маҷбур сохтааст, то ба хотири рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои пешгирикунандаро биандешад.

Дар гузашта наҳзатиҳои нобакор нависта буданд, ки бигзор таъиноти кадрии ба роҳмонда амалӣ нагардад. Зеро нафарони ба ин шаҳру вилоят таъиншуда то имрӯз бо мардуми инҷо забон як карда натавониста, низоъҳо ба вуҷуд омаданд. Имрӯз низ нохалафону хиёнаткорони ватан, ин ақидаҳои душманонаро тарафдорӣ мекунанд. Иддао доранд, ки кадрҳои маҳаллӣ бошанд, метавонанд, низомро ба тартиб ҷорӣ созанд. Хуб! Вале то ин даме, ки ин қадар ҷиноят содир шудааст, кадом намояндаи мақомот пешгирӣ намудааст. Кӣ ин бадтинатону ношукронро дастгирӣ мекунад. Аминам, ки ҳамон кадрҳои маҳаллӣ дар амалиёти ҷинояткорон худ даст доранд. Вагарна то имрӯз ба кишвар 3 тонна маводи мухаддир ба пои худ намеояд – ку! Сол то сол нишондиҳандаи баландро воридоти  маводи мухаддир нишон додааст. Тибқи дастурҳое, ки мусодираи маводи мухаддир бо мақсади солим нигоҳ доштани ҷомеа, бо мақсади мубориза бурдан бо ин вабои аср, яъне нашъамандӣ Пешвои миллат ҳамеша мекӯшад, ки воридоти ин мавод дар дохили кишвар ба роҳ монда нашавад, бар зидди ин амалҳо мубориза намуда истодааст. Вале аз чӣ бошад, ки тарафҳои мухолифин бо мутаҳҳам намудани сарвари давлат, иброз доштаанд, ки дар воридоти он гӯё мақомот даст дорад. Ин девонагист ё ягон аҳмақии дигар, ки ҳам мубориза мебаранд ва ҳам ин ҷиноятро содир менамоянд. Ба фикрам мардуми моро аз сарвари давлат оғоз намуда, то дигар намояндагони ватанпарвараш ба мисоли худ гумон намудед, ки гумони шумо нохалафон ботил аст. Ин рафтор ва феълу хислати бади шумост, ки худро алайҳи худ таҳрик менамоед.

 

   АКРАМОВ А.А.

декани ФСН

Аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд