"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Пешвои миллат- ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик»

Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи аъзоёни ҳизб дар мавзӯи «Пешвои миллат- ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик» баргузор гардид. Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар беморхона, сартабиб Собирҷон Собиров дар бораи пурра дастгирӣ ёфтани сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ваҳдату субот ва оромию осоиштагии кишвар оварда расонд, сухан ронд.


Нравится

Дастгирии оилаҳои ниёзманд

Тибқи дастуру супоришоти Кумитаи иҷроияи Марказию вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қарорҳои кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳар ҳафта рӯзи шанбе қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар назди кумиҷроияи шаҳрӣ амал карда истодааст. Санаи 9-уми январи соли 2016 дар қабулгоҳи ҷамъиятии назди кумиҷроияи шаҳрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Дӯстии халқҳо №24» Фаррух Бойматов ширкат варзида, муроҷиати шаҳрвандонро қабул намуд. Дар қабулгоҳи ҷамъиятӣ истиқоматкунандаи маҳаллаи 32-уми шаҳри Хуҷанд Фароғат Усмонова оиди таъмин бо ҷойи корӣ, иҷоранишини кӯчаи Ҳ.Карим, хонаи 50, ҳуҷраи 30 Зебо Раҳимова оиди расонидани кӯмаки моддӣ, истиқоматкунандаи кӯчаи М.Танбӯрӣ, хонаи 26, ҳуҷраи 13, маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм Зарина Собирова оиди расонидани кӯмаки моддӣ муроҷиат намуданд.


Нравится

Пешвои миллат – рамзи Сулҳу Ваҳдати миллӣ

Аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Эндокринология»-и Кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Пешвои миллат – рамзи Сулҳу Ваҳдати миллӣ» вохӯрӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ширкат варзида, баромад намуд. Мавсуф аз ҷумла дар баромадаш қайд намуд, ки аз ҷониби парлумон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори Сулҳу Ваҳдат - Пешвои миллат», бахусус нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии пурнишоти мардуми шарифи тоҷикро таъкид намуд.


Нравится