Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори вилояти Суғд низ корҳои омодагӣ оид ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бомаром ҷараён доранд. Бояд гуфт, ки дар радифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ ташкилотҳои ҳизбӣ низ бахшида ба Наврӯзи дилафрӯз ташкил ва гузаронидани силсилаи чорабиниҳои идонаро ба нақша гирифтаанд. Аз ҷумла, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои ташкил ва гузаронидани чорабинии фарҳангии наврӯзии вилоятӣ дар санаи 19 март тасмим гирифтааст. Ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани чорабинии мазкур Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ масъул буда, барои иҷрои як қатор корҳои ташкилӣ вазифадор мебошад ва бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳо аз ҳисоби кормандони ташкилотчию фаъол кумитаи тадорукот ташкил шудааст.
Бо назардошти ин, санаи 14 март ҷаласаи кумитаи тадорукор доир гардид. Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар аз шахсони масъул оид ба рафти иҷрои супоришҳои додашуда пурсиш ба амал овард. Ҳамзамон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва тақвият бахшидани корҳо дар самти мазкур ба иштирокчиёни маҷлис дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Аъзоёни кумитаи тадорукот ва дигар кормандони кумиҷроия уҳдадор шуданд, ки барои дар сатҳи баланди омодагиву ташкилӣ доир гардидани чорабинии вилоятии наврӯзӣ аз имкониятҳо босамар истифода мебаранд ва ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.