"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Гузаштаро наомухта, ҳаргиз имрӯзаро сохта наметавонем.

Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии ҲХДТ дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Аксияи «Мо китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро мехонем» дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди шаҳр идома дорад. Чунин як чорабинӣ дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доир гардид.


Нравится

Муаррифии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих»

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Инқилоб» дар назди кумитаи маҳаллаи Тути калон аксия оид ба муаррифии кутоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Дар аксия бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии Инқилоб дар назди Кумитаи маҳалаи «Тути калон» Абдумавлон Азимов баромад намуда, қайд кард, ки мо дар арафаи ҷашни бузурги миллат Иди Ваҳдати миллӣ истодаем, ки ҳар як шаҳрванд бо ин шукрона ва ифтихор доранд. Дар ин ҷода барои боз ҳам баланд бардоштани руҳияи ватанпарастию, хештаншиносӣ ва нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ, тасмим гирифтаем, ки муаррифии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», баррасӣ намоем. Сухан ба мудири кафедраи забонҳо дотсент Сироҷиддин Бобоев дода шуд.


Нравится

Таъсиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ

Дар ташкилоти ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Конференсияи 1-уми муассисони Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Бобоҷон Ғафуров» баргузор гардид. Дар Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида иброз намуд, ки бо шарофати иқдомҳои шоистаи Сарвари давлат, Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ислоҳоти фарогир ва дигаргунсози сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ идома дорад, ки он барои зиндагии арзандаи сокинон шароити мусоид фароҳам меорад.


Нравится