Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Инқилоб» дар назди кумитаи маҳаллаи Тути калон аксия оид ба муаррифии кутоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Дар аксия бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии Инқилоб дар назди Кумитаи маҳалаи «Тути калон» Абдумавлон Азимов баромад намуда, қайд кард, ки мо дар арафаи ҷашни бузурги миллат Иди Ваҳдати миллӣ истодаем, ки ҳар як шаҳрванд бо ин шукрона ва ифтихор доранд. Дар ин ҷода барои боз ҳам баланд бардоштани руҳияи ватанпарастию, хештаншиносӣ ва нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ, тасмим гирифтаем, ки муаррифии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», баррасӣ намоем. Сухан ба мудири кафедраи забонҳо дотсент Сироҷиддин Бобоев дода шуд. Дар баромади худ Сироҷиддин Бобоев зикр намуд, ки дар китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», саҳифаҳои таърихи пурғановати халқи тоҷик аз давраҳои қадимтарини давлатдории тоҷикон то замони муосир ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ карда шудааст. Китоб дар руҳияи ватанпарварию хештаншиносӣ навишта шуда, оммафаҳм ва хонданбоб мебошад. Дар ҳақиқат барои дар ҳар фарди ватандўсту меҳнатпарастии Тоҷикистонӣ мояи ифтихору сарфарозист, ки имрўз бо шарофати сиёсати сулҳофаронаи ваҳдатгароёна, хирадмандонаву инсондўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибистиқлол дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона қадамҳои устувор мегузорад. Нерумандии давлати мо на дар қудрати силоҳ аст, балки дар тафаккури озодибахши андешаи сулҳхоҳона, панду андарзи инсонгароёнаю ҷаҳондороии дастаҷамъона таҷассум меёбад ва халқи хирадманди мо инро ҳамеша аз гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиб менамоянду чун нури чашм ҳифз мекунанд. Дар аксия намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва аъзоёни фаъоли ҳизб Неъматулло Авазматов, Гулчеҳра Аҳророва, Фирдавс Тоатов, Ҳакимбой Алиматов, Маҳмудҷон Абдураҳмонов, Зулайхо Азимова, Нурӣ Баротова, Ғафурҷон Абдуллоев, Абдуғафур Қаюмов, Луқмон Норбобоев, Раъно Хоҷаева баромад намуда, оиди муаррифии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар рушду нумўи кишвари соҳибистиқлоли мо ақидаронӣ намуданд. Аксияро раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Инќилоб» дар назди Кумитаи маҳалаи «Тути калон» Абдумавлон Азимов ҷамъбаст намуда, хулосаронӣ намуд, ки дар ҳақиқат китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», боз як такони бузурге барои мустаҳкамшавии пояҳои Истиқлолияти кишварамон мебошад ва моро водор месозад, ки барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар оммаи васеи мардум доимо омода бошем.