Чун ба авроқи таърихи кишвар назар меафканем,  бароямон возеҳ мегардад, ки ҲНИ маҳз  дар солҳои ноорому носуботи кишвар ба арсаи сиёсати Тоҷикистон гом ниҳодаст. Ҳадафи аслӣ аз таъсису бунёди ҳизби номбурда бояд огаҳ сохтани мардум ҷиҳати арҷгузорӣ ба дини муқаддаси ислом ва мутобиқи муқаррароти ин дин таъмини ваҳдату осоиштагӣ ва ба ин васила раҳо сохтани мардум аз зулумоту ҷабру ҷафо мебуд. Аммо, баръакс  номи ин ҳизб ва роҳбарони он дар лавҳаи хотироти мардуми азияткашидаи тоҷик ҳамчун яке аз ташкилотҳои сиёсие, ки дар мамлакат нооромиҳо ва ҷанги бародаркуширо ташкил кардааст, нақш бастааст. Дар нахустин рӯзҳои таъсиси ҲНИ ошкор шуд, ки маҳалбозӣ ва гурӯҳбозии саркардагони ин ҳизб ба ҷуз тафриқаандозӣ, талоши мансабу мақом ва ноил гардидан ба ҳадафҳои нопоки худ чизи дигаре нест.

Намояндагон ва роҳбарони ҲНИТ дар ҳамон вазъияти муташанниҷи сиёсӣ баҳри соҳиб шудани тахту тоҷ ҳама гуна услубу роҳҳои ваҳшиёнаро мавриди истифода қарор додаанд. Барои ноил гаштан ба аҳдофи разилонаи хеш аъзоёни фаъоли ин ҳизб зиддиятҳои маҳаллиро истифода карда, Тоҷикистонро ба хуни ҷанги бародаркушӣ оғушта ва ба вартаи ҳалокату нобудӣ дучор намуданд, ки қариб буд давлати навинистиқлоли кӯчаки тоҷикон аз харитаи сиёсии ҷаҳон маҳв гардад. Хушбахтона, хатари нобудӣ бо ҷонбозиҳои пайвастаи фарзандони миллат пешгирӣ карда шуд ва дар кишвари ба хун оғушта парчами сулҳу салоҳ барафрохта шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба эъдидол овардани вазъи сиёсии кишвар, новобаста аз хиёнаткориҳои ҲНИТ ба фаъолияти он дар сохтори ҳукуматӣ иҷозат дода буд. Соли 1997 сулҳу оромӣ фазои кишвари моро фаро гирифт ва нерӯҳои мухолиф тибқи санади ҳамдигарбахшӣ ва Созишномаи истиқрори сулҳ ваъда доданд, ки дигар ҳаргиз даст ба ҷиноят ва хиёнат ба Ватан нахоҳанд зад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҲНИ бори дигар имконият дод, ки фаъолияти худро қонунан оғоз бахшад. Тибқи Ойинномаи ба тасвиб расида ҲНИ мардумро бояд ба сабру таҳаммул, хайру саховат ва фаҳмондани аркони дини мубини ислом даъват менамуд. Тибқи созишнома нерӯҳои мухолифони тоҷик дар сохтори ҳукуматӣ соҳиби вазифаҳо гардиданд ва Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳоро андешид, то ки ҳодисаҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ аз хотирот маҳв гардад ва душманиву адоват хотима ёбад.. Дар асл ин тавр нашуд ва бо дастури махфии роҳбарияти ҲНИ гурӯҳҳои ҷинояткори ин ҳизб дар ниқоби ислом даст ба ҷиноятҳои махсусан вазнин мезаданд. Баъди чандин маротиба дар қаламрави ҷумҳурӣ безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ, ҲНИ худро бегуноҳ нишон дода, фаъолияташро идома медод ва вонамуд мекард, ки гӯё чизеро намедонад. Тӯли солҳои тӯлонӣ ҳизби номбуда ба ҳайси ҳизби сиёсӣ дар қаламрави кишвар фаъолият бурда, дар интихоботҳои сиёсӣ ширкат меварзид.

 Аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломи ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) - террористӣ эътироф гардида, фаъолияти он қатъ карда шуд. Ҳамчунин бо ҳалномаи Суди Олӣ нашри рӯзномаи «Наҷот», фаъолияти сомонаи интернетии ҲНИ, ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ  карда шуд.

Ин ҷо чанд авомили дигарро, ки боиси қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ гардид, мавриди зикр қарор медиҳем: Аввалан дастгирӣ наёфтани ҲНИ дар интихоботҳои сиёсӣ. Натиҷаи хиёнатҳои пайвастаи ҳизби мазкур буд, ки эътиқоду боварии мардум ба фаъолияти он рӯз то рӯз кам гардид. Дастгирӣ наёфтани ҲНИ дар интихобот иродаи озоди халқ буду бас, на чуноне, ки онҳо даъво доранд, бо тақиби ҳокимияти имрўзаи Ҷумҳурӣ. Мардуми тоҷик ҳамчун ташкилоти сиёсӣ арзи вуҷуд доштани ҲНИТ – ро намехоҳад.

Сониян, дар аксари шаҳру навоҳии кишвар ячейкаҳои ҲНИ аз фаъолият боз мондаанд, ки  мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳизбҳои сиёсӣ” ҳизби мазкур ҳамчун ҳизби ҷумҳуриявӣ фаъолият буда наметавонад.

Баъдан набудани зарурат ба фаъолияти ҳизбии ҲНИ дар қаламрави кишвар. Ҳадафи асосӣ аз бунёди ҳизбҳои наҳзатию  исломӣ ин огаҳ сохтани мардум бо дини муқаддаси ислом ва аркони он ба шумор меравад.  Дар кишвари мо бо ибтикори дурбинонаи Ҳукумати кишвар ин ҳадафҳо кайҳо амалӣ шудаанд. Зиёд шудани шумораи масҷидҳо, боз шудани донишгоҳу мадрасаҳои динӣ, бештар будани шумори ҳоҷиёни кишвари мо нисбат ба кишварҳои мусалмонии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз қабили тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати гиромидошти дини мубуни ислом дар қаламрави кишвар ба шумор меравад. Ҳамчунин, миллати  тоҷик тамоми муқаррароту қонунҳои динро риоя ва итоат карда, касе ба посдории рукнҳои дини мубини ислом мухолифат надорад. Аз ин бар меояд, ки  наҳзати исломии дар солҳои 80 - 90 садаи 20- ум оғоздшуда, рисолати худро анҷом додааст ва идомаи ин рисолат бояд бар зиммаи омӯзгорони донишманд ва аҳли тақвои ботарбияту боандеша вогузошта шавад.

 

Шароити кунинии ҷаҳонӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар тоқазо дорад, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад.

 

Муҳайё Абдусаломова, устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ