"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Мулоқот бо интихобкунандагон ва фаҳмондадиҳии барномаи пешазинтихоботӣ

Бо мақсади фаҳмондадиҳии барномаи пешазинтихоботии худ вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Дониш №19 ба ҷои вакили хориҷшуда санаи 14 июни соли равон дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Дониш №19 Шарифзода Шариф Файз ва шахсони боэътимоди ӯ аз барномаи пеш аз интихоботии худ назди интихобкунандагон гузориш дода, қайд карданд, ки ҳадафи номзад беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодии кишвар аст.


Нравится

КИТОБИ «ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ» ВАСИЛАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Вилоятии ҲХДТ дар «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Ҳуҷанд бо иқдоми кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ конфронси илмӣ-амалӣ оид ба омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» -и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Дар кори конфронс намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Абдунабӣ Сангинов, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, собиқадорон ва фаъолони ҳизб ширкат доштанд. Чорабиниро Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар доираи тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми сунатҳои миллии мардуми ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ имрӯзҳо тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ дар саросари кишварамон Аксияи омӯзиши китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида истодааст.


Нравится

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз санаи 27 апрели соли 2016 таҳти № 86 «Дар бораи таъин шудани рӯзи интихобот ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Дониш №19» имрӯзҳо тибқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ, бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд вохӯриҳои номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Дониш №19» Шарифзода Шариф Файз бо интихобкунандагони ҳудуди кумитаи маҳаллаҳои Ҷаббор Расулов ва 1- Май оғоз гардидааст.


Нравится