Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи қабули Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иқдоми кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  муовини раиси кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева, мудири шуъбаи кор бо занон Заррина Манонова ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Олимҷон Норматов  ба аёдати волидони сарбозон Абдуллоҷон Юлдошев, Амирҷон Ҳакимов ва Ҳотамҷон Ҳотамов рафта, онҳоро бо ин санаи муборак табрику таҳният гуфтанд. Зимни мулоқот таъкид шуд, ки бо иродатмандии Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии кишвар  рушд намуда, имрӯз шароити қисмҳои ҳарбӣ хеле хуб аст. Мисолеҳи возеҳи он дидан кардани фаъолони ҳизб аз шароити буду боши афсарону аскарон дар қисми низомии  051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Роғун қарор дорад, мебошад.

Волидони сарбозон бо шукрона аз тинҷиву амонии кишвар баён доштанд, ки пайваста аз хизмат ва зиндагии фарзандонашон тариқи телефонии мобилӣ огоҳи доранд ва шод ҳастанд, ки дар қатори ҳазорон сарбозони шуҷоъ фарзандонашон марзу буми мамлакатро нигаҳбонӣ мекунанд.