Дар ташкилоти ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Конференсияи 1-уми муассисони Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Бобоҷон Ғафуров» баргузор гардид. Дар Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида иброз намуд, ки бо шарофати иқдомҳои шоистаи Сарвари давлат, Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ислоҳоти фарогир ва дигаргунсози сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ идома дорад, ки он барои зиндагии арзандаи сокинон шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар рушди низоми қонунгузории кишвар, таҳкими рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи сулҳу субот ва амнияти иқтисодии кишвар низоми ҳуқуқии давлатро дар доираи сиёсати созанда ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардуми кишвар ва давлати Тоҷикистон вусъат дода истодааст. Ҳамзамон бо мақсади иҷрои вазифаҳои рушди низоми қонунгузории кишвар дар чаҳорчӯби ислоҳоти демократӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба манфиати шаҳрвандони мамлакат, арзишҳои миллӣ ва байналмиллалиро ба ҳисоб гирифта, ҳадаф ва мақсади он эътирофи арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мебошад. Зимнан ҳизб мазмун, муҳтаво ва мақсади ҳама гуна ислоҳоти ҳуқуқӣ ва раванди қонунгузориро барои таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳим мешуморад. Хизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон бо фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд. Сохторҳои ҳизб дар асоси усули истеҳсолию ҳудудӣ созмон меёбанд. Ба сохтори ҳизбӣ Кумитаи иҷроияи Марказӣ, кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ, кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилоти ибтидоӣ дохил мешаванд. Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқомати аъзоён созмон ёфта, аз тарафи кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ба расмият дароварда мешаванд. Бо ташаббуси узви ҳизб мумкин аст шӯрои раисони ташкилотҳои ҳизбӣ, маҳфилҳои ҳизбӣ, марказҳои таблиғотӣ, шӯрои собиқадорони ҳизб, созмонҳои занон, ҷавонон ва дигар намудҳои иттиҳодияҳо ташкил карда шаванд. Ташкилоти ибтидоии ҳизб дар ҳолати мавҷуд будани 5 нафар узви ҳизб ва зиёда аз он ташкил карда мешавад. Қарор дар бораи созмон додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз тарафи кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ тасдиқ карда мешавад. Мақоми олии ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси умумӣ мебошад. Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоӣ як маротиба дар се моҳ, вале вобаста ба зарурият ҳар вақт даъват карда мешавад. Конференсияи кумитаи иҷроияи ибтидоӣ як маротиба дар ду сол даъват карда мешавад. Барои пеш бурдани корҳои ҷорӣ маҷлиси умумӣ дар ташкилотҳои ҳизбие, ки то 30 нафар аъзо доранд, раис, дар ташкилотҳои ҳизбие, ки аз 30 то 300 нафар аъзо доранд – раёсат интихоб мекунанд. Дар ташкилотҳои ибтидоие, ки аз 300 нафар зиёд аъзо доранд, конференсия Кумитаи иҷроияи ибтидоиро интихоб мекунад. Ҳисоботи раис ва Раёсат дар маҷлиси умумӣ ҳар сол ва ҳисоботи Кумитаи иҷроия дар конференсия як маротиба дар ду сол шунида мешавад. Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ вобаста ба зарурат, вале на кам аз як маротиба дар як моҳ даъват карда мешавад. Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ конференсияи ҳизбиро даъват менамояд, ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии дар ҳудудаш буда назорат мебарад, ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоиро дар маҷлиси умумӣ мешунавад, қарорҳои болоии ҳизбро дар амал тадбиқ намуда, аз рафти иҷрои он ахборот пешниҳод менамояд, мутобиқи банди 3.2, 3.9 Оинномаи ҳизб ташкилоти ибтидоиро таъсис ва барҳам медиҳад, мақсадҳои Оиннома ва Барномаи ҳизбро дар амал тадбиқ менамояд ва дигар салоҳиятҳое, ки Оинномаи ҳизб пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд. Сипас, бо таклифу пешниҳодҳои вакилони Конференсия дар назди кумитаи маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ бо номи «Бобоҷон Ғафуров» таъсис дода шуд ва аъзоёни Раёсат ва кумитаи иҷроияи ибтидоӣ интихоб карда шуданд.