Ба ифтихори 65-солагии устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, номзади илмҳои филологӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  Уғулой Умаралиева дар толори маҷлисгоҳи ин муассисаи олӣ   конференсияи илмӣ- адабӣ таҳти унвони «Хуршеди олами дониш»  баргузор гардид.

Чорабиниро ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, нақши олимаро дар пешбурди илми суханшиносӣ нек арзёбӣ намуда, афзуд, ки соҳибҷашн натанҳо олимаи мониқалам, балки ташкилотчӣ ва сиёстмадори варзида ҳам мебошад. Мавсуф солҳои  сол дар вазифаи мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоятӣ ифои вазифа намудааст.

Намояндагони кумитаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилоят ва шаҳр ва мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирӯза Раҳимова номаҳои табрикотии кумитаро ба самъи ҳозирин расонда, аз хизматҳои арзандаи Уғулой Умаралиева дар таҳкими оиладорӣ ёдовар шуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни суханронии хеш дар бораи саҳми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар омодакунии кадрҳои соҳаи педагогӣ ёдовар шуда, зикр дошт, ки ин даргоҳи маърифат садҳо олимҳои номварро ба хоҷагии ҳалқ омода кардааст, ки миёни онҳо соҳибҷашн Ӯғулой Умаралиева ҳамчун ситораи тобнок ҷилвагар мегардад. Дар ин росто ёдовар шудан аз хизматҳои ҷамъиятиву давлатӣ камоли бохирадист. Зеро Ӯғулой Умаралиева дар лаҳзаҳои хеле мушкил ва оғози фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ин ҳизб пайваст шуда, ба ҳайси мудири шӯъбаи кор бо занони дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ барои ҷалби занону духтарон ба ҳизб, тарғибу ташвиқи Оиннома ва Барномаи ҳизб хизматҳои бесобиқа кардааст. Маҳз дар даврони фаъолияти ӯ маҳфилҳои зиёде барои занону бонувон ташкил гардида, умдатарин мушкилоти ҷойдоштаи занон дар ин ҳамоишҳо баррасиву матраҳ мегардиданд.

Робитаи муаллима бо кумиҷроияи шаҳрӣ низ қавӣ буда, мо дар симои муаллима маслиҳатгар ва роҳнамои худро мебинем. Самараи чунин ҳамкориҳо буд, ки муаллима дар бораи дирӯз ва имрӯзи кумиҷроияи шаҳрӣ асари пурмӯҳтавое таҳти унвони «Ҳизби ормонҳои халқ» ба табъ расониданд, ки миёни омма, хосса ҳизбиён ин китоб хуш пазируфта шуд.

Тазаккур бояд дод, ки соли равон асари мазкур сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Бобоҷон Ғафуров гардид, ки ин бешубҳа ифтихори мост.

Декани факултети филологияи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Мусо Олимҷонов, профессорон А. Абдуқодиров ва Н. Файзуллоев дар бораи паҳлӯҳои корҳои илмии муаллима гузоришҳои илмӣ намуданд.

Сипас, дӯстону ҳамкорон дар бораи соҳибҷашн суханҳои пурмеҳр гуфтанд.

Дар иҷрои ҳунарманди варзида Сироҷиддин Худоймерганов суруди ҷаззоб сароида шуд.

Бо ҳамин чорабинӣ ҳусни анҷом пазируфт