"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ «СУҒДИЁН»

Дар омӯзишгоҳи касбии №31-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилоятӣ «Сирдарё №1» бо интихобкунандагони кумитаи маҳаллаи «Суғдиён» баргузор гардид. Вохӯриро раиси ҳавзаи интихоботӣ Назирҷон Азизов ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки санаи 19- июни соли 2016 дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии волоятӣ «Сирдарё №1» интихоботи вакил ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Сирдарё №1» ба ҷойи вакили хориҷшуда доир мешавад, аз ин хотир номзади пешбарикардаи ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуда, аз барномаи пешазинтихоботии худ ҳисобот медиҳанд.


Нравится

Мулоқот бо интихобкунандагон

Ҳамарӯза мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси Ситоди интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии «Сирдарё №1» вохӯриҳои номзади пешниҳоднамудаи ҲХДТ бо интихобкунандагон баргузор гардида истодааст.


Нравится

Вохӯрӣ дар қисмҳои низомӣ

Тибқи нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар участкаҳои интихоботии №57-қисми низомии 35-01, ва №59 қисми низомии 9829 вохӯрии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилоятӣ «Сирдарё №1» бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар ин вохӯриҳо номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Салима Каримова ва шахси боэътимоди номзад Мукаррама Бузурукова иштирок намуда, аз барномаи пешазинтихоботии номзад назди ҳозирин сухан ронданд. Аз ҷумла қайд шуд, ки ҳадафи номзад мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти мардум аст. Дар сурати пирӯзӣ вакил ӯҳдадориҳои худро ҳатман иҷро хоҳад кард. Ҳамчунин дар вохӯриҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов баромад карда, қайд кард, ки нақши ҲХДТ дар баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа калон буда, тавассути аъзои фаъолаш барои беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад.


Нравится