Чанд сол аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи    8-уми март чун Рӯзи Модар ва рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба мақому мартабаи зан - модар таҷлил мегардад ва ба яке аз идҳои бошукуҳ табдил ёфтааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозӣ дар назди ҷавонон, аз ҷумла занону духтарон бештар эҳсос карда мешавад. Ин рисолати муҳими таърихӣ тақозо менамояд, ки онҳо бо тарбияи насли худогоҳу худшинос қарзи фарзандии худро дар назди Ватан содиқона адо намоянд. Тавре Пешвои миллат таъкид медоранд, бонувони тоҷик тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳидоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогӯи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастанд.

Ба ин муносибат бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони “Нақши занону бонувон дар пешрафти фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи Модар дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд  баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, шоири халқии Тоҷикистон Озарахш, фаъолзанон, собиқадорони ҳизб ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Нахуст Раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов конференсияро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо иди фархунда муборакбод гуфт. Мавсуф зимни суханронии худ афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун нерӯи муқтадир дар фаъолияти хеш тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатиро дар мадди аввал мегузорад. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба занону бонувони фаъоли шаҳр такя мекунад. Қобили зикр аст, ки 134 нафар занон сарварии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷандро ба зимма доранд. Дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо талошу корбариҳои бонувони фаъол ва дастгирии Кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ даҳҳо чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ доир мегарданд, ки барои баланд бардоштани дониши сиёсии аҳолии ҷомеа мусоидат намуд.

Сипас, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ ҳозиринро бо иди баҳор ва бузургдошти Рӯзи модар аз номи кумиҷроияи вилояти табрик намуда, зикр дошт, ки имрӯз пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону бонувон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хоса пайдо кардаанд ва дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат меҳнати занону духтаронро қадр карда, нисбати фаъолияти эшон назари нек доранд ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати ҳар як нафарро дарк мекунанд. Аз ин лиҳоз Рӯзи модар эълон гардидани ин сана ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.

Ҳамчунин муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба самъи иштирокчиён расонида, қайд кард, ки бузургтарин рисолати модари тоҷик тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озидихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда аст. Боиси хушнудист, ки модарони мо ин рисолати хешро нигоҳ медоранд ва мо имрӯз ин модаронро аҳсан мегӯем.

Ҳамзамон декани факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Улмасзода Замирахон Ҳабибулло дар мавзӯи “Нақши занону бонувон дар пешрафти фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссар Қаҳҳорӣ  дар мавзӯи “Модар – фариштаи ҳаёт ва ҳомии зиндагии башар” бо маърӯзаи пурмуҳтавои худ баромад карданд.

Шоири халқии Тоҷикистон, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш бо қироати шеърҳои ба зан – модар эъҷод кардаи худ ба қалбҳои иштирокчиён меҳру сафо ва муҳаббат ба зиндагӣ бахшид.

Дар қисмати дуюм чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ бо иштироки ҳунармандон ва ҳофизони номдор Умарҷон Қобилов, Ҳилолиддин ва Аловиддин Шамсиевҳо, Ҳусейн Юсупов, Махками Баҳриддин, Фирдавс Холназаров, Шуҳрати Расул ва дигарон баргузор гардид, ки ҳунармандон бо сурудҳои ҷаззоб ба чорабинӣ шукуҳи хоса зам намуда, хотири иштирокдоронро болида гардониданд.