"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Маҷлиси навбатии аъзоёни ситоди интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Санаи 26 феврал дар «Маркази Фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси навбатии аъзоёни ситоди интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он аъзоёни ситод, нозирони миллии ҲХДТ, ки дар участкаҳои интихоботии шаҳри Хуҷанд вобаста карда шудаанд, иштирок намуданд.


Нравится

Ҳизби созандаву пешбар

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Маҳз дар ҳамин иҷлосия сиёсатмадориву хирадмандӣ, дурандешиву нексириштӣ ва фарҳангсолориву таҳаммулпазирии халқамон падидор шуд, ҷавҳари ғояҳои давлатдории навини тоҷикон ташаккул ёфт ва минбаъд зимни таъмини сулҳу ваҳдат, бо кӯшишу ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат бо тарҳи замонавию миллӣ ҷилвагар гардид ва имрӯз мо кишвари азизамонро дар қатори давлатҳои абарқудрат ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ мебинем.


Нравится

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби халқ

Комёбӣ ва пешрафти ҷомеа ба мавқеи устувори иқдомҳои созандаи ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста аст. Итминони комил дорам, ки ҳамаи созмонҳои ҳизбӣ боз ҳам муттаҳид гашта, мардумро барои ба ҳадафҳои бузург расидан сафарбар менамоянд. Дар ин амри хайр ба ҳамаи Шумо барору комёбӣ ва сиҳатмандӣ орзумандам.

Эмомалӣ Раҳмон


Нравится