Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Маҳз дар ҳамин иҷлосия сиёсатмадориву хирадмандӣ, дурандешиву нексириштӣ ва фарҳангсолориву таҳаммулпазирии халқамон падидор шуд, ҷавҳари ғояҳои давлатдории навини тоҷикон ташаккул ёфт ва минбаъд зимни таъмини сулҳу ваҳдат, бо кӯшишу ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат бо тарҳи замонавию миллӣ ҷилвагар гардид ва имрӯз мо кишвари азизамонро дар қатори давлатҳои абарқудрат ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ мебинем. Бист сол аст, ки дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созандаву пешбаранда назаррас мебошад. Ба туфайли саъю талошҳои созандаи ҳизб дар мамлакат пойдевори мустаҳками рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, демократия гузошта шуда, барои ба сафи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гаштани Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам гардид. Истиқлолият ва ваҳдат, бешубҳа, ба ҳайси неъматҳои бебаҳои таърих ва дастоварди бузурги сиёсиву маънавӣ дар таърихи тоҷикон эътироф шудаанд. Зеро баъди ҳазор соли давлатдорӣ таърих неъмати бебаҳои соҳибистиқлолиро ҳадя намуда, давлати навини Тоҷикистонро рӯи харитаи сиёсии олам падидор намуд. Истиқлолият барои мардуми кишвар озодии сиёсӣ, имконияти озоди интихоби роҳи тараққиёт, шароити мусоиди рушду инкишофи ҳама соҳаро фароҳам овард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи феврали соли 1996 ҳамбастагии ваҳдат ва истиқлолиятро таъкид намуда, ёдовар шуда буданд, ки ин ду мафҳум, яъне истиқлолият ва ваҳдат бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Ба ин маънӣ, ваҳдат ҳамчун дастоварди бузурги миллат пеш аз ҳама низои сиёсиро барҳам дод, мардумро муттаҳид намуд, халқи тоҷикро аз хавфи нобудшавӣ эмин дошт. Таҷрибаи давлатҳои пешқадам собит сохтааст, ки яке аз омилҳои муњими пешрафти ҷомеа мавҷудияти нерӯи сиёсии солиму созанда маҳсуб мегардад. Ин нерӯи сиёсӣ бояд қабл аз ҳама манфиати аксарияти ҷомеаро ифода кунад, мардумро ба мақсадҳои олии созанда сафарбар карда тавонад. Дар ҳама маврид, аз ҷумла дар лаҳзаҳои барои мардум тақдирсоз якпорчагии кишвар ва ваҳдати ҳамагониро таъмин намояд. Ҳамчунин, ин нерӯ бояд инъикосгари андешаи солим, пушту паноҳи арзишҳои миллӣ, ифодагари афкори пешқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад. Роҳбаладии чунин нерӯро шахсияти ҷисман ва маънаван тавоно, ҳамдаму ҳамнафаси мардум, инъикосгари манфиати ҳамаи табақаҳои ҷомеа, баёнгари орзую ормонҳои таърихии мардум дар ўҳда дошта бошад. Бешубҳа, ба ҳайси ин нерўи созанда дар ҷомеаи имрӯзаи мо – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҷаноби Олӣ ҳамчун Сарвари хирадсолор, муаззам ва пешвои маҳбуби мардум эътироф шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 20 сол муқаддам - дар марҳилаи аввали таъсисёбии ҳизб иброз дошта буданд, ки мақсади асосӣ аз созмон додани он муттаҳид кардани нерӯҳои пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ аст, ки барои барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ мутараққӣ талош меварзад. Ҳизб ба ин рисолати наҷиб садоқатмандӣ зоҳир карда, фаъолияти худро ба таъмини ваҳдат, тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи дўстиву рафоқат, сафарбар намудани мардум ба корҳои созандагию ободонӣ равона кард. Ҳизб ҳамчун нерӯи ташаккулдиҳандаи афкори меҳнатдӯстӣ, равона намудани ҷомеа ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ нақши мондагор дорад. Ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихӣ, тақвияти ҳисси худшиносиву худогохии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварии мардум, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, рушди илму фарҳанг ва одоб аз рисолатҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Имрӯз ҳизб ба ислоҳоти соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, тартиботи ҷамъиятӣ эътибор дода, барои татбиқи муваффақонаи барномаҳои бахшҳои мазкур саҳми муносиб мегузорад. Воқеан ҳам, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давоми фаъолияти худ таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии сарвари хирадманд, ҳомии маҳбуби халқу Ватан, пешвои шинохташудаи асри ХХ1, Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи нав қадамҳои устувор мегузорад. Аз ин лиҳоз, ифтихори аъзои чунин ҳизб будан аз мо масъулият ва созандагии ҳамешагиро тақозо мекунад. Мо – ҳизбиён тарғибу ташвиқи дастовардҳои ҳизбу ҳукуматро вазифаи асосии хеш меҳисобем. Бояд мардумро ба он ҳидоят намоем, ки аз сиёсати созандаю сулҳофариро ҷонибдорӣ карда, барои амалӣ сохтани онҳо саҳми муносиб гузоранд. Вазифаи ҳар яки мо - ҳизбиён аз он иборат аст, ки ба ҳайси аъзои яке аз барандагони андешаи пешқадами ҷаҳонӣ ва муҳофизи арзишҳои арзандаи ниёгон нисбати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, осори гаронбаҳои адабиёт ва санъати классикии тоҷик ҳамарўза саъю талош варзем, тарғиби ин арзишҳоро дар байни мардум боз ҳам тақвият бахшем, ҷиҳати тарғиби арзишҳои демократӣ, озодӣ бояд тибқи анъанаҳои миллии худ ва дар заминаи манфиатҳои миллӣ кору пайкор намоем. Вокуниши устувор ба андешаҳои ғаразноку таҳрибкори сиёсӣ, ҳизбҳои ифротгаро, пешгирии маҳдудкунии ифодаи андешаҳои озоду солим, тарғиби ташаббускории мардум аз вазифаҳои дигарест, ки ҳар яки мо – аъзои ҳизб дар кори татбиқи онҳо бояд монда нашуда саъю талош варзем. Имрўз кишвари азиз дар арафаи воқеаи муҳими сиёсӣ – интихоби вакилони арзанда ба парлумони кишвар қарор дорад. Ин маърака дар ҳаёти сиёсии мамлакат мақоми тақдирсоз дорад. Зеро дар ҳар интихобот мардум на танҳо раъй медиҳанд, балки вакилон барномаҳои амали худро барои панҷ соли минбаъда тарҳрезӣ карда, самтҳои асосии рушду тараққиётро муайян месозанд. Дар партави Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар кори пайгирӣ аз манфиатҳои миллӣ, сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таблиғи андешаҳои тараққипарвари Сарвари давлат ва Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон босубот бошем. Таъкидҳои Ҷаноби Олӣ дар мавриди зиракии сиёсӣ, доштани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, вокуниш ба афкори носолим, муғризона сармашқи кору пайкори созандаамон бояд бошанд. Мо - ҳизбиёнро зарур аст, ки ба ин маъракаи тақдирсоз бо ҷиддияту масъулияти том муносибат намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор шудани он мусоидат кунем. Зеро рушду ободии кишвари маҳбуб аз интихоби арзандатарин фарзандони халқ ба намояндагии парлумон вобаста аст.

Ҷамшед ҶӮРАБОЕВ, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон