25 – умин солгарди Артиши миллии Тоҷикистон барои мардуми кишвар падидаи таърихиву нодир маҳсуб ёфта, соли 1993 бо ибтикор ва иродаи матини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд.

         Маҳз ташаббусу иқдом ва фидокориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон бо сарварии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Ҷузъу томҳои он дар щифои вазифа содиқу вафодоранд.

         Дар ташкилоти ибтидоии “Ватанпарвар”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 25-солгагии Артиши миллӣ чорабини иллмӣ  - фарҳангӣ таҳти унвони “Ватан ҷони ман, ҳам ҷаҳони ман аст!” баргузор гардид, ки дар он бо сухани ифтитоҳӣ мудири шӯъбаи кор бо занони КИШ ҲХДТ Бобоева Зеварой баромад намуда, аз далерию матонати қаҳрамонони далеру шуҷоъ ва сарбозону афсарони Артиши тоҷик сухан ронда, даъват ба амал овард, ки насли наврас бояд аз матонату қаҳрамонони афсарони хеш сабақи ҷавонмардӣ биёмӯзад, зеро Инсон дар сурате ба  давлати худ манфиатовар буда метавонад, ки онро вақеан ҳам бо ҳастию оромии фарзандонаш, осоиштагии ҳамватанонаш, бо далерию матонати қаҳрамононаш эҳсос намояд.

         Ҳамзамон дар чорабини мазкур ҷанговарони интернатсионалист Турсунов Саидбой, Зарифов Бахтиёр, капитани қисми ҳарбӣ Ҳаётов Оламафрӯз ва сарбози Ватан Раҳимов  Сабриддин ширкат варзида, аз қаҳрамонҳои хеш дар хоки Афғонистон ва ҳаёти сарбозӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлҳои хотирмону ибратбахш намуданд.

         Тазаккур бояд дод, ки дар ин рӯзи хотирмон толибилмон ба сафи Созмони “Ворисони Сомониён” қабул карда шуданд, то барои халқу Ватан, Тоҷикистони азиз хизмати шоиста карда бошанд. Яъне танҳо бо баҳоҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намоянд.

Дар охир Раиси Ташкилоти ибтидоии “Ватанпарвар” Зебо Аминова кулли меҳмононро  бо ҷашни фархундаи миллат шодбод гуфта, барои хотира чун барги сабз китоби Пешвои миллат “Чеҳраҳои модагор”-ро тақдим намуд. Баҳри болидахотирии меҳмонон композитсияи  илмӣ-адабӣ дар мавзӯи “Ватан ҷони ман, ҳам ҷаҳони ман аст” аз тарафи толибилмони Литсейи Донишкадаи политехникии ба номи М. Осимӣ пешкаш карда шуд.