"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Ташвиқоти пешазинтихоботӣ идома дорад

Дар давраи пешазинтихоботӣ аъзоёни гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, кормандони масъули кумиҷроия ва аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҳамарӯза ташвиқотҳои кӯча ба кӯча ва хона ба хонаро идома дода истодаанд.


Нравится

Вохӯрии номзадҳо бо занон

Санаи 21.02.2015 дар толори «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзадҳо аз ҳисоби занон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ, ки аз тарафи ҲХДТ аз шаҳри Хуҷанд пешниҳод шуда буданд, бо ҷавондухтарону фаъолазанҳои шаҳр баргузор гардид. Вохӯриро Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва бо номзадҳои аз тарафи ҳизб пешниҳод гардида шинос намуд.


Нравится

МАҶЛИСИ СИТОД

Санаи 19 феврал дар «Маркази Фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси навбатии аъзоёни ситоди интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он аъзоёни ситод, нозирони миллии ҲХДТ, ки дар участкаҳои интихоботии шаҳри Хуҷанд вобаста карда шудаанд, иштирок намуданд.


Нравится