"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Вохӯрии номзадҳои ҲХДТ бо интихобкунандагон

Ҳамарӯза мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси Ситоди интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳр вохӯриҳои номзадҳои пешниҳоднамудаи ҲХДТ бо интихобкунандагон баргузор гардида истодааст.


Нравится

ВОХӮРӢ БО ИНТИИХОБКУНАНДАГОН

Санаи 13 феврал тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар мактаб-парваришгоҳи ёрирасони шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзадҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд-13, ҳавзаи интихоботии вилоятӣ «Масҷиди Сурх-№5» ва ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ «Пахтакор-№5» бо интихобкунандагони як қисми кумитаи маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов» баргузор гардид.


Нравится

МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ «МАСҶИДИ САВР»

Дар коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзадҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд-13, ҳавзаи интихоботии вилоятӣ «Масҷиди Сурх-№5» ва ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ «Масҷиди Савр-№3» бо интихобкунандагони як қисми кумитаи маҳаллаи «Масҷиди Савр» ва як қисми кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ» баргузор гардид.


Нравится