Тибқи нақша-чорабинии факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва бо ибтикори ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба номи «Абўмаҳмудӣ Хуҷандӣ» санаи 22 январи соли равон Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Паём – роҳнамо ба зиндагии шоиста» дар маҷлисгоҳи факултети физикаю техника бо иштироки устодон ва донишҷўён гузаронида шуд.

Дар конфронси илмӣ-амалӣ намоянда аз раёсати Донишгоҳ муовини раиси кумитаи ибтидоии иҷроияи ҲХДТ ба номи Б.Ғафуров дотсент Ўғулой Умаралиева иштирок намуданд.

Конфронсро муовини раиси кумитаи ибтидоии иҷроияи ҲХДТ ба номи Б.Ғафуров дотсент Ўғулой Умаралиева оғоз намуда, ҳозиринро ба барномаи конфронс шинос намуданд.

Маърўзаи якум дар мавзўи «Паём – равшангари илму маърифат» декани факултети физикаю техника, дотсент Раҳим Назаров баромад намуда, оиди мазмуну мўҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 22 декабри соли 2017 ироа гардид. Маърўза намуданд.

Дар маърўзаи дуюм оиди мавзўи «Паём – роҳнамо ба зиндагии шоиста» муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултет сармуаллим Насим Умаров баромад намуда, иброз доштанд, ки дар ҳақиқат Паём сармашқи фаъолияти ҳамаи соҳаҳои халқ мебошад.

Дар маърўзаи сеюм дар мавзўи «Паём – дилгармӣ ба зиндагӣ» мудири кафедраи Электроника, профессор Ҳаким Тошхўҷаев баромад намуданд. Профессор Ҳаким Тошхўҷаев дар маърўзаи худ оиди тамоми дастовардҳои даврони истиқлолро, ки бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиктсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст маълумот доданд.

Дар маърўзаи охирон оиди мавзўи «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» муовини декан оид ба тарбияи факултети физикаю техника, сармуаллми Акмалҷон Усмонов баромад намуда, қайд намуд, ки об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об, вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нўшидан, пухтани хўрок, тозагии кўчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад.

Аз ҳамин хотир эълон гардидани «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид буд.

Конфронсро декани факултет дотсент Р. Назаров ҷамъбаст намуда, таъкид намуданд, ки бояд тамоми қишри ҷомеа Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори худ қарор диҳанд ва ба фаъолияти меҳнатии тамоми шаҳрвандон бурдборӣ ва ба Тоҷикистони баҳбубамон осмони софу беғубор таманно намуданд.