Санаи 26 феврал дар «Маркази Фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси навбатии аъзоёни ситоди интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он аъзоёни ситод, нозирони миллии ҲХДТ, ки дар участкаҳои интихоботии шаҳри Хуҷанд вобаста карда шудаанд, иштирок намуданд. Дар маҷлис аъзоёни ситод оид ба рафти омодагӣ ба интихоботи дарпешистода маълумот доданд. Қайд карда шуд, ки дар давраи ташвиқоти пешазинтихоботӣ дар миқёси шаҳри Хуҷанд Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он, варақаҳою буклетҳо, календарҳо ва дигар маводҳои тарғиботӣ дастраси инихобкунандагон гардидааст. Инчунин аз ҷониби раиси ситод нозирони миллӣ вазифадор карда шуданд, ки то бегоҳии санаи 27 феврал ҳамаи шиору овезаҳо ва варақаҳои ташвиқотиро дар ҷойҳо гиранд ва гузориш пешниҳод намоянд.