Тайи чанд рӯз аст, ки чорабиниҳои идона ба муносибати фароррасии ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми муассисаҳову корхонаҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардида истодааст. Чунин чорабинӣ санаи 18-уми март дар маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд барпо гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзид. Нахуст, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дигар дастовардҳо, ки аз ҷониби хонандагон омода карда шудааст ошноӣ пайдо карданд. Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки дар ин марказ омӯзгороне фаъолият мебаранд, ки донишу малакаи беҳамто доранд. Нақши дастони онҳо ва хонандагон дар рӯи матоъҳои ҳарир кашида шуда, он инъикосгари табиати зебои диёр буд. Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд зимни табрикоти худ аз арзишҳои миллии кишварамон ҳарф зада, қайд намуд: «Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мо тоҷикон ворисони тамаддуни ориёием ва аксарияти мардуми олам ҷашни бобоии моро ҳамчун иди миллии худ пазируфтанд. Мартабаи ҷаҳонӣ бахшидан ба Наврӯз, воқеан ҳам, амале шоиста ва манфиатовар ба кулли сокинони сайёра аст, зеро ба ин восила Наврӯз акнун мунодии сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқат дар байни ҳама мардуми олам гардидааст». Ӯ аз кормандони марказ даъват ба амал овард, ки дар ободии маҳал хонаву дари худ саҳм гузоранд, зеро яке аз суннатҳои наврӯзӣ маҳз дар зебоипарастӣ зуҳур меёбад. Сипас композитсияи адабиву мусиқӣ, ки аз ҷониби хонандагони марказ омода шуда буд, пешкаши аҳли иштирокдорон гардид. Раиси кумиҷроия дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд нафар шахсони арзанда, ки барои дохил шудан ба узвияти ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбиро супорид. Ҳамзамон, директори марказ Аъзамҷон Ҳотамӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сарфароз гардонида шуд.