"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Ҷавонон ҷонибдори ҲХДТ

Дар асоси нақша-чорабинии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 21-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар Кумиҷроияи шаҳрӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷавонон ҷонибдори ҲХДТ» баргузор гардид, ки дар он пеш аз ҳама Раиси Кумиҷроия Наим Маликисломов бо сухани ифтитоҳӣ оид ба дастовардҳои ҲХДТ аз давраи таъсисёбӣ то ин ҷониб суханронӣ намуд.


Нравится

ЭРАЗМУС ПЛЮС: МАОРИФ, ТАҲСИЛОТ, ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ – 2014-2020 ДАР ДДХ

Чунин унвон дошт, семинар – машварате, ки дар факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ баргузор гардид. Кормандони шўъбаи робитаҳои байналмиллалии донишгоҳ ба аҳли ҷомеаи факултети забонҳои хоирҷӣ оид ба имкониятҳои нави иштирок дар барномаҳои байналмиллалӣ маълумот дода, даъват ба амал оварданд, ки ҳар чӣ бештари омўзгорон дар лоиҳаҳои байналмиллалӣ ширкат варзанд.


Нравится

Муроҷиати шаҳрвандон дар қабулгоҳи ҷамъиятӣ

Ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тибқи ҷадвали тасдиқгардида қабулгоҳи ҷамъиятӣ баргузор мегардад, ки дар он вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, муроҷиати шаҳрвандонро мешунаванд.


Нравится