Ҳамарӯза мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси Ситоди интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳр вохӯриҳои номзадҳои пешниҳоднамудаи ҲХДТ бо интихобкунандагон баргузор гардида истодааст.
Санаи 16 феврал дар ҳавзаи интихоботии шахрии «Себзор 37», ки дар ин ҳавза номзад ба вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов пешбарӣ карда шудааст, дар якҷоягӣ бо номзади Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии «Хуҷанд-№13» Гулбаҳор Турсунова, номзад ба вакили маҷлиси вилоятӣ аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх-№5» Раҷаббой Аҳмадзода, вохӯрӣ доир гардид, ки дар он аз ҷониби шахсони боэътимоди номзадҳо барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ва шахсияти онҳо муаррифӣ карда шуданд. Ҳамингуна вохӯриҳо дар ҳавзаи интихоботии «Тути калон-№8», номзади пешниҳод намудаи ҲХДТ ба вакили Маҷлиси шаҳрӣ Мамадҷон Ёқубов, ҳавзаи интихоботии «Чорчароғ-№10» номзад ба вакили шаҳрӣ Даврон Шокиров, ҳавзаи интихоботии «Инқилоб-№11», номзад ба вакили шаҳрӣ Умеда Муродова, ҳавзаи интихоботии «Рӯдакӣ-№12», номзад ба вакили шаҳрӣ Абдунабӣ Сангинов баргузор гардид. Дар ин вохӯриҳо номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Гулбаҳор Турсунова ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда №2» Ҷамшед Ҷурабоев ширкат варзиданд. Дар вохӯриҳои баргузоргардида интихобкунандагон фаъолона ширкат варзида ба номзадҳо пешниҳодҳои мушаххас доданд.Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 11245
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 10931
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 9017
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 8792
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 8245
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1931
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1950
-
ТАШАББУСКОРӢ МЕБОЯД2016-04-28 1579
-
Зан - модар аз нигоҳи Пешвои миллат2019-03-12 1339
-
Кӯдакон – ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат!2018-06-01 1408
-
Тантанаҳои ҷашни Наврӯз2018-03-29 1494
Меҳмонон