Санаи 5 майи соли 2017  Конференсияи 2-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Истиқлол» дар назди кумитаи маҳаллаи «Масҷиди Савр»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар Конференсия се масъала –ҳисоботи фаъолияти семоҳаи Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва интихоби вакилон ба Конференсияи 19-уми ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардид.

Оид ба масъалаи якум раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол» Илҳом Султонӣ баромад намуда, зикр дошт ки Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ фаъолияти худро тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нуқтаҳои Оинномаву Барномаи ҳизб, қарорҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба роҳ мондааст. Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии назди кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол» дар давраи ҳисоботӣ семинарии омўзишӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва муҳосибон гузаронида шуда, маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Ташкилотҳои ибтидоӣ барои пешгирии ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, нашъамандӣ ва ғоратгарӣ , шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, мубориза бар зидди амалҳои террористӣ ва экстремистӣ байни ноболиғон ва пурзўр намудани корҳои тарбиявӣ ҳамҷоя бо мақомоти шаҳрӣ, прократура, кумитаи амнияти шаҳрӣ бо хонандагону волидайн силсила вохўриву мулоқкотҳо ва мизҳои мудаввар гузарониданд.

Сипас, оид ба масъалаи дуюм бо таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни Конференсия ба ҳайати кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол» тағйирот ворид гардид.

 Аз рўи масъалаи сеюми рўзнома ба Конференсияи 19-уми ҳисоботӣ –интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби 1809 нафар аъзоёни ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии назди кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол» 30 нафар вакилон пешбарӣ шуданд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  Муҳаббат Ӯрунбоева дар фарҷом баромад намуда, оид ба пешравиҳо ва камбудиҳои ташкилотҳои ибтидоии назди Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ суханронӣ намуд.