"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ

Дар ҳошияи баргузории Маъракаи Иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ» дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд мулоқоти ҷавонони навоила- барпокунанда бо табибон, равоншиносон, ҳуқуқшиносон ва мудирони шӯъбаҳои кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.


Нравится

Ҷаҳонро муҳаббат ҳукмронӣ мекунад, на хушунат

Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба пойдорӣ ва устувории оилаҳо аҳамияти хосса дода, оиди ин масъала изҳори ақида карда, таъкид намуданд, ки «Бо вуҷуди дастгирӣ ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон проблемаҳои ҳалталаб дар ин самт ҳанӯз зиёданд». Бинобар ин соли 2015-умро «Соли Оила» эълон доштанд ва ин ибтикори фарзонамарди бузург, ғамхору посдори миллат қобили дастгирии ҳамаҷониба гардид ва дар байни занону бонувони шаҳри бостонии Хуҷанд ҳам ҳамовозӣ ва дастгирии гарму ҷӯшонро ба вуҷуд овард.


Нравится

Оила макони меҳру муҳаббат

Ҳамасола тамоми ҷаҳон аз санаи 25-ноябр то 10-декабр Маъракаи иттилоотии «16-рӯзи зидди зӯроварӣ»-ро қайд мекунад, ки он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳамагуна маҳдудкуниҳо нисбати занон қабул карда шудааст. Соли 1999 Созмони Миллали Муттаҳид 25 ноябрро расман Рӯзи байналхалқии мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон, эълон намуд.


Нравится