Дар коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзадҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд-13, ҳавзаи интихоботии вилоятӣ «Масҷиди Сурх-№5» ва ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ «Масҷиди Савр-№3» бо интихобкунандагони як қисми кумитаи маҳаллаи «Масҷиди Савр» ва як қисми кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ» баргузор гардид. Вохӯриро раиси ҳавзаи интихоботӣ Раҳимҷон Аминҷонов ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки санаи 1- март дар сар то сари кишварамон интихобот ба парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ доир мешавад, аз ин хотир номзадҳои пешбарикардаи ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуда, аз барномаи пешазинтихоботии худ ҳисобот медиҳанд. Мукаррама Бузурукова, собиқадори меҳнат, шахси боэътимоди Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд -13, дар баромадаш таъкид дошт, ки номзади пешбарикардаи ҲХДТ яке аз олимаҳои донишманди вилоят буда, эътимод дорем, ки дар сурати пирӯзӣ барои беҳдошти вазъи мардуми шаҳри Хуҷанд хизмат мекунад. Шахси боэътимоди Раҷаббой Аҳмадзода номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх -№5» қайд кард, ки Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳайси раиси шаҳри Хуҷанд барои ободонии шаҳри Хуҷанд хизмати калон кардааст ва дар сурати ғолибият ин ободкориро идома хоҳад дод. Дар вохрӣ ҳамчунин Сайфулло Ҳабибуллоев шахси боэътимоди номзад аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Савр-№3» Иброҳимов Иброҳим Сангинович низ аз барномаи пешазинтихоботии номзад ёдовар шуд ва аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ба тарафдории номзадҳои арзанда овоз диҳанд.