Дар асоси нақша-чорабинии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 21-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар Кумиҷроияи шаҳрӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷавонон ҷонибдори ҲХДТ» баргузор гардид, ки дар он пеш аз ҳама Раиси Кумиҷроия Наим Маликисломов бо сухани ифтитоҳӣ оид ба дастовардҳои ҲХДТ аз давраи таъсисёбӣ то ин ҷониб суханронӣ намуд. Сипас, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов дар мавзӯи «Ҳизби созандаву пешбар» маърӯза кард. Қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Маҳз дар ҳамин иҷлосия сиёсатмадориву хирадмандӣ, дурандешиву нексириштӣ ва фарҳангсолориву таҳаммулпазирии халқамон падидор шуд, ҷавҳари ғояҳои давлатдории навини тоҷикон ташаккул ёфт ва минбаъд зимни таъмини сулҳу ваҳдат, бо кӯшишу ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат бо тарҳи замонавию миллӣ ҷилвагар гардид ва имрӯз мо кишвари азизамонро дар қатори давлатҳои абарқудрат ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ мебинем. Вазифаи ҳар яки мо – аъзоёни ҷавони ҲХДТ аз он иборат аст, ки ба ҳайси аъзои яке аз барандагони андешаи пешқадами ҷаҳонӣ ва муҳофизи арзишҳои арзандаи ниёгон нисбати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, осори гаронбаҳои адабиёт ва санъати классикии тоҷик ҳамарўза саъю талош варзем, тарғиби ин арзишҳоро дар байни мардум боз ҳам тақвият бахшем, ҷиҳати тарғиби арзишҳои демократӣ, озодӣ бояд тибқи анъанаҳои миллии худ ва дар заминаи манфиатҳои миллӣ кору пайкор намоем. Вокуниши устувор ба андешаҳои ғаразноку таҳрибкори сиёсӣ, ҳизбҳои ифротгаро, пешгирии маҳдудкунии ифодаи андешаҳои озоду солим, тарғиби ташаббускории мардум аз вазифаҳои дигарест, ки ҳар яки мо – аъзои ҳизб дар кори татбиқи онҳо бояд монда нашуда саъю талош варзем. Баъдан ҷавонони дар мизи мудаввар ширкатдошта фаъолона саволу ҷавобҳо ва баҳсу мунозираҳо карда, фикру андешаҳои худро баён доштанд.