Чунин унвон дошт, семинар – машварате, ки дар факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ баргузор гардид. Кормандони шўъбаи робитаҳои байналмиллалии донишгоҳ ба аҳли ҷомеаи факултети забонҳои хоирҷӣ оид ба имкониятҳои нави иштирок дар барномаҳои байналмиллалӣ маълумот дода, даъват ба амал оварданд, ки ҳар чӣ бештари омўзгорон дар лоиҳаҳои байналмиллалӣ ширкат варзанд. Аз ҷумла мудири шўъбаи робитаҳои байналмилалии доншгоҳ Темур Каримов ба сухан баромада, оид ба сафари худ ба шаҳри Душанбе ва ширкат дар намоиши барномаи байналмилалли Erasmus+ (плюс), ки аз ҷониби Офиси Миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон баргузор гардида буд, маълумоти муфассал дод. Мавсуф ҳамчунин қайд кард, ки барномаи Erasmus+ барои солҳои 2014-2020 пешбинӣ шуда, идомаи барномаи TEMPUS ва якқатор барномаҳои аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришаванда мебошад. Самтҳои асосии барномаи Erasmus+ соҳаҳои маориф, таҳсилот, ҷавонон ва варзишро фарогир аст, ки дар мудати қайдгардида, Иттиҳоди Аврупо 14.7 млрд. Евро маблағ ҷудо менамояд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки барномаҳои байналмиллалӣ ташкилоти Tempus ва Erasmus Mundus ба Тоҷикистон соли 2004 оғоз гардида буд. Ва давоми солҳои 2004 – 2012 35 лоиҳаҳои омўзгорони 22 макотиби олии кишвар ба маблағи 8.27 млн. Евро аз ҷониби ташкилоти Tempus ва маблағгузории Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ҷонибдорӣ карда шуда буд, ки ҳадафи асосоии онҳо пеш аз ҳама дар дигаргунсозии низоми маориф дар зинаи таҳсилоти олӣ, гузариш ба низоми нави таҳсилот, татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар ҷумҳурӣ ва ҷори намудани принсипҳои Болония равона карда шуда буданд. Тазаккур бояд дод, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар ҷараёни дар амал татбиқ намоии лоиҳаҳо ва ҷаҳонишавии таҳсилот дар кишвар нақши муассир гузоштааст. Донишгоҳ дар давоми солҳои 2009-2013 дар 14 лоиҳаҳои байналмиллалии Tempus ва Erasmus Mundus ба сифати ҳамкори боэътимод ва дар бештари вақт ҳамоҳангсози кулли ҷумҳур ширкат варзидааст. Дар интиҳо ба ширкаткунандагон сомонаҳои расимии ташкилоти Erasmus + ва Офиси Миллии Erasmus + дар кишвар ва чанд сомонаҳои дигарро пешниҳод намуданд то ки дар даъвати навбатии лоиҳаҳо омўзгорони мо ширкат варзанд, ки аз инҳо иборат буданд: https://eacea.ec.europa.eu/erasmus-plus/actions_en, www.erasmusplus.edu , www.erasmusplus.tj ,www.tempustojikiston.tj.

Ҷамшед ИСТАМҚУЛОВ сармутахассиси шўъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров