"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

ДАСТГИРИИ АФСАРОНУ САРБОЗОН

Бо мақсади дастгирии афсарону сарбозон ва ҳамеша дар мадди назар қарор додани ин қишри ҷомеа, ки барои таъмини амнияти ҳар як шаҳрванд ва марзу буми Ватан саҳмгузор ҳастанд Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар арафаи таҷлили ҷашни «Ваҳлати миллӣ» ба сарбозони қисми низомии 033- 77 (комендатураи ҳарбии горнизони Суғд) 20 адад либоси варзишӣ тақдим намуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба афсарону сарбозони ин қисми низомӣ барои адои хизмати софдилона миннатдорӣ намуда зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муҳими солимии ҷомеа ва муаррифгари давлат дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф менамояд. Аз ин иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд афсарон ва сарбозони қисми низомӣ рӯҳбаланд гардида, аз ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.


Нравится

Маҳфил–викторина дар китобхонаи бачагона

Бо ифтихор метавон гуфт, ки Ваҳдати миллии мо дар роҳи устувори пояндаву сулҳи бебозгашти тоҷикон, дар дарвозаҳои ваҳдати ҷаҳонӣ, ваҳдати инсониятро устувор гардонид. Таърихи 25 соли пуршараф дар роҳи истиқлолият ва 19- соли Ваҳдати миллӣ собит намуд, ки дар ҳақиқат он шабеҳи дарахти бузургест, ки решаҳои азимаш дар сарзамини қадиму навҷавони тоҷикон ҷой гирифта аз таъриху фарҳанг ғизо мегирад. Дар ин шохаҳои бузурги Истиқлолият ва Ваҳдат кабўтарони ормони халқ лона мондаанду танаи барҷои он мустаҳкамии ягонагиву Ваҳдати миллӣ арзёбӣ мешавад. Меваҳои ширини Ваҳдат, дўстӣ ва ҳамбастагии халқҳо дар кору пайкори мардуми тоҷик эҳсос мегардад. Мо ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистони азиз дар эъмори давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд комёбиҳои назаррас ба даст овардааст.


Нравится

Ташвиқоти хона ба хона

Бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ХХДТ ва номзадхои он аз 14-ум то 16-уми июни соли 2016 гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Дониш №19» Шарифзода Шариф Файз дар кумитаи маҳаллаҳои «1-Май» ва «Ҷаббор Расулов» гардиши хона ба хонаро ба роҳ монд. Сокинони ин маҳаллаҳо иброз доштанд, ки ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Шукрона мекунанд, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ доранд, дастурхонашон пурнозу неъмат асту фарзандонашон таълиму тарбия мегиранд. «Албатта аз пагоҳии барвақт ба участкаҳои интихоботӣ рафта овози худамонро ба номзади арзанда медиҳем»- иброз доштанд интихобкунандагон.


Нравится