Бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ХХДТ ва номзадхои он аз 14-ум то 16-уми июни соли 2016 гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Дониш №19» Шарифзода Шариф Файз дар кумитаи маҳаллаҳои «1-Май» ва «Ҷаббор Расулов» гардиши хона ба хонаро ба роҳ монд. Сокинони ин маҳаллаҳо иброз доштанд, ки ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Шукрона мекунанд, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ доранд, дастурхонашон пурнозу неъмат асту фарзандонашон таълиму тарбия мегиранд. «Албатта аз пагоҳии барвақт ба участкаҳои интихоботӣ рафта овози худамонро ба номзади арзанда медиҳем»- иброз доштанд интихобкунандагон.