Бо ифтихор метавон гуфт, ки Ваҳдати миллии мо дар роҳи устувори пояндаву сулҳи бебозгашти тоҷикон, дар дарвозаҳои ваҳдати ҷаҳонӣ, ваҳдати инсониятро устувор гардонид. Таърихи 25 соли пуршараф дар роҳи истиқлолият ва 19- соли Ваҳдати миллӣ собит намуд, ки дар ҳақиқат он шабеҳи дарахти бузургест, ки решаҳои азимаш дар сарзамини қадиму навҷавони тоҷикон ҷой гирифта аз таъриху фарҳанг ғизо мегирад. Дар ин шохаҳои бузурги Истиқлолият ва Ваҳдат кабўтарони ормони халқ лона мондаанду танаи барҷои он мустаҳкамии ягонагиву Ваҳдати миллӣ арзёбӣ мешавад. Меваҳои ширини Ваҳдат, дўстӣ ва ҳамбастагии халқҳо дар кору пайкори мардуми тоҷик эҳсос мегардад. Мо ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистони азиз дар эъмори давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд комёбиҳои назаррас ба даст овардааст. Бо иқдоми шӯъбаи кор бо занони КИШ ҲХДТ дар доираи баргузории силсилачорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон санаи 16-уми июни соли 2016 дар китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ маҳфил –викторина дар мавзӯи «Аз таърихи таъсисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» баргузор гардид. Меҳмонони маҳфил адабиётшиноси маъруф, олими шинохта, доктори илмҳои филологӣ, дорандаи ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ, профессор Атахон Сайфуллоев, журналисти варзида, котиби Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд М.Шарифова дар мавзӯи «Аз таърихи таъсисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» суханронӣ ва маърӯза намуданд. Донишҷӯёни коллеҷи санъати ба номи С,Ҳофиз Нодира Миркалонова, Зарина Шаропова, Фархунда Бурҳонова ва донишҷӯи соли аввали коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ҷаъфар Раҳматов дар васфи ВАҲДАТ, ТОҶИКИСТОН, СУЛҲ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ шеърҳо қироат намуданд. Сурудҳои ватандӯстонаи Маҳками Баҳриддин ва Баҳром Самадов хотири иштирокчиёни маҳфилро болида гардонид. Маҳфил бо замзамаи суруду таронаҳои ҷолиб ба поён расид.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 11087
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 10816
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8920
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 8698
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 8042
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1849
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1876
-
Чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи муаллим»2014-10-01 1628
-
Таҷлил Рӯзи табибон дар беморхонаи бачагона2018-08-17 1593
-
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ2023-08-18 733
-
ДӮСТИРО ҲАМЕША ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО!2022-04-15 531
-
ОРОМИВУ СУБОТИ СИЁСӢ ГАРАВИ ПЕШРАВИИ ҶОМЕА2016-09-24 1604
Меҳмонон