Бо мақсади дастгирии афсарону сарбозон ва ҳамеша дар мадди назар қарор додани ин қишри ҷомеа, ки барои таъмини амнияти ҳар як шаҳрванд ва марзу буми Ватан саҳмгузор ҳастанд Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар арафаи таҷлили ҷашни «Ваҳлати миллӣ» ба сарбозони қисми низомии 033- 77 (комендатураи ҳарбии горнизони Суғд) 20 адад либоси варзишӣ тақдим намуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба афсарону сарбозони ин қисми низомӣ барои адои хизмати софдилона миннатдорӣ намуда зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муҳими солимии ҷомеа ва муаррифгари давлат дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф менамояд. Аз ин иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд афсарон ва сарбозони қисми низомӣ рӯҳбаланд гардида, аз ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.