Ҷиҳати арҷгузорӣ ба меҳнати садоқатмандонаи омӯзгор ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари кишвар иди омӯзгорон бо шукуҳу ҷалоли хосса ҷашн гирифта мешавад. Имсол низ ин чорабиниҳо дар сатҳи хеле баланди ташкилӣ доир гардида, ба таҷлили Рӯзи омӯзгорон ва забони давлатӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд шодишарик гардиданд. Чунончи мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ дар тантанаҳои ҷашнии Литсейи касбии хизматии №56 ширкат варзида, салому паёми роҳбарияти кумиҷроияи шаҳриро ба муносибати ҷашнҳои болозикр расонд. Номбурда дар баромадаш таъкид дошт, ки  ба шарофати сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат қадру манзалати омӯзгор ва забони давлатӣ дар ҷомеа боло меравад. Бунёди ҳазорҳо иншооти соҳаи маориф, тақвияти сатҳи забондонии муҳасиллин нақши омӯзгорро дар ҷомеа боз ҳам бештар намуд. 

Дар фуроварди чорабинӣ фаъолони ҳизби Литсей бо сипосномаву ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.