Бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Омори вилояти Суғд» вохӯрӣ доир гардид, ки дар он вакили Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олӣ Темур Дадобоев, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва раиси иттифоқҳои касабаи соҳаи бонкҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд Усмонӣ Иъном Султонзода  ширкат варзиданд.

Сараввал, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, Ҳокимбек Накҳатзода ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд ва доир ба нақши таърихии иҷлосияи тақдирсоз суханронӣ намуд.

Вакили иҷлосия Темур Дадобоев хотироти хешро аз даврони ин иҷлосия ёдовар шуда, қайд намуд, ки маҳз иродаи қавӣ, масъулиятшиносии вакилон ва иштирокдорон буд, ки ҷаласа ба мақсадҳои ниҳоии худ расид.

Дар баромади худ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ зикр намуд, ки ба шарофати баргузории ин иҷлосия  давраи комилан нави муносибатҳо ва таҳаввулоти ҷиддии сохторию мазмуниро дар раванди давлатдории мо оғоз бахшид.

Иҷлосияи XVI дар замоне баргузор гардид, ки низоми давлатдории ҷадид  дар Тоҷикистон дар шароити комилан нави муносибатҳои ҷаҳонӣ, дар шароите, ки шикасти низоми пурқудрати шӯравӣ бесаранҷомиро дар муносибати байни субъектҳои сиёсати байналхалқӣ ба миён оварда, кишварҳои хурд дар ин тӯфони манфиатхоҳӣ муҷиби ғарқшавӣ гашта истода буданд, гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гашта, дар вартаи аз даст додани ҳастии худ қарор дошт.

Дар поёни чорабинӣ аз ҷониби раиси кумиҷроияи шаҳрӣ ду нафар фаъолон бо Сипосномаю Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд. Инчунин ба зиёда аз 10 нафар кормандони омори вилоят, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.