"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Вохӯрӣ бо афсарону сарбозон

Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз шароит ва рафти хизмати афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо якчанд нафар фаъолазанҳои шаҳр ба қисмҳои низомии шаҳри Панҷакент ташриф оварданд. Дар вохӯриҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба тамоми афсарону сарбозон барои хизмати софдилонаашон изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва бо сарбаландӣ ба анҷом расондани хизмати Модар- Ватан муваффақият орзу кард ва тӯҳфаҳои ҳизбиро тақдим намуд.


Нравится

Аёдати пиронсолону маъюбон

Рӯзи гузашта раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов аз хонаи пиронсолону маъюбони шаҳри Панҷакент дидан намуда, ба бошандагони инҷо маводҳои хӯрокаву пушока дастрас кард ва онҳоро аз номи роҳбарияти ҲХДТ ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.


Нравится

АРҶГУЗОРӢ БА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ

Бо ибтикор ва дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, омӯхтани таърихи тамаддуни кишвар, ошноӣ ба корҳои созандагиву бунёдкории мамлакат, ки ба шарофати дастгириву ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, гурӯҳе аз фаъолзанони ҳизбии шаҳрро дар рӯзҳои истироҳатӣ-санаҳои 23-24 июли соли равон ба яке аз минтақаи куҳандиёри мамлакатамон Панҷакенти бостонӣ сафарбар намуд.


Нравится