Бо ташаббус ва ибтикори Ҳукумати мамлакат бо мақсади ташаккул додани маърифати сиёсиву ҳуқуқии сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ бахшида ба фарорасии соли нав дар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Хуҷанд, чорабиниҳои идона баргузор гардида истодааст. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини аввали раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов дар чорабинии фарҳангӣ-маърифатии солинавии қисми низомии 3501 иштирок намуданд. Дар маҷлисгоҳи ин қисми низомӣ Раиси шаҳри Хуҷанд тамоми афсарону сарбозонро бо фарорасии соли нав табрик намуда ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва бо сарбаландӣ ба анҷом расондани хизмати Модар- Ватан муваффақият орзу намуд. Дар мулоқот ҳамчунин муовини аввали раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов, раиси кумитаи иҷроиия ин ҳизб дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов табрикоти худро ба ҳомиёни ватан расонаданд. Дар интиҳо нависанда Юсуф Насрулло барои ҷавонмардони вафодори ватан беҳтарин таманниёти хешро иброз намуда, аз маърифати ватандорӣ сухан гуфт. Лозим ба ёдоварист, ки чунин чорабинӣ дар факултаи чаҳоруми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузор гашта, ба беш аз 1000 ҳазор нафар хизматчиён, афсарон ва сарбозони ин таълимгоҳу қисми низомӣ дастурхони солинавӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ороста шуд. Аз ҷониби ҳунармандони дастаҳои ҳунарии муассисаҳои фарҳангии шаҳр бошад барномаи консертӣ пешкаш карда шуд.