Бо ибтикор ва дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, омӯхтани таърихи тамаддуни кишвар, ошноӣ ба корҳои созандагиву бунёдкории мамлакат, ки ба шарофати дастгириву ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, гурӯҳе аз фаъолзанони ҳизбии шаҳрро дар рӯзҳои истироҳатӣ-санаҳои 23-24 июли соли равон ба яке аз минтақаи куҳандиёри мамлакатамон Панҷакенти бостонӣ сафарбар намуд. Дар ин сафар занон аз мавзеъҳои таърихии ин гӯшаи ободи диёр мақбараи одамушшуаро ва осорхонаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, мақбараи ҳоҷӣ Муҳаммади Башорро, осорхонаи шоири халқии Тоҷикистон шодравон Лоиқ Шералӣ, минтақаи таърихии Саразм дидан намуда, ҳамзамон аёдати бошандагони хонаи пиронсолон ва маъюбонро ба ҷо оварданд. Таҳти роҳбарии Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов занони фаъоли шаҳр ҳамчунин зимни ин сафар аз шароити буду боши афсарону аскарони қисмҳои низомии ноҳияҳои Шаҳристону Айнӣ ва Панҷакент шинос шуда, бо онҳо вохӯриву мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Сафари мазкур дар ҳамкорӣ бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент роҳандозӣ гардид.