"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Рӯзи маъюбон дар Чойхонаи миллии Қасри Арбоб

Санаи 8 июл чорабинии асосии Рӯзи маъюбон дар Чойхонаи миллии Қасри Арбоб бо шаҳомати хоса баргузор карда шуд, ки дар он 350 нафар маъюбону пиронсолон иштирок намуданд. Чорабинӣ бо доир намудани хатнасури 26 нафар кӯдакон, аз ҷумла 5 нафар кӯдаки маъюб ва 21 нафар тифлакони аз оилаҳои маъюб оғоз ёфт. Тӯйи суннатии кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардида, нишони дастгирии ин табақаи ҷомеа аз ҷониби давлату Ҳукумат мебошад. Ин табақаи эҳтиёҷманди чомеаро ба муносибати ҷашнашон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таҳният гуфт. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон, шахсони яккаву танҳо ва ба меҳрубонӣ ниёздошта дар маркази сиёсати Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад ва натиҷаи ҳамин сиёсати инсонгароёна аст, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои соҳа, аз қабили марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва мактаб-парваришгоҳҳои ҳудуди вилоят тамоми шароитҳои зарурӣ барои зиндагӣ ва кору истироҳати қишри ниёзманди ҷомеа фароҳам оварда шуда, аёдати онҳо дар арафаи иду айём ба таври мунтазам ба роҳ монда мешавад.


Нравится

Ҷаласаи ҳисоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барои нимсолаи аввали соли 2016

Санаи 08.07.2016 дар толори «Маркази Фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд тибқи нақша-чорабинӣ ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои нимсолаи аввали соли 2016 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини КИМ ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода ва мудири шӯъбаи кор бо занони КИВ ҲХДТ Раҳимова Фирӯза Солиҷоновна, аъзоёни Кумиҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҲХДТ иштирок намуданд.


Нравится

Аёдат дар иди моҳи шарифи Рамазон

Дар арафаи ин ё он ҷашнҳои миллӣ ва иду айём аёдати шахсони бемору барҷомонда, ятиму бепарастор, ниёзмандон ва барӯмандону собиқадорон аҷру савоби бештар дорад. КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар арафаи иди саиди Фитр ин суннатро ба ҷо оварда, 28 нафар ниёзмандонро аёдат намуд. Ҳамчунин бо дархости кумиҷроия ва МИҲД-и шаҳр аз тарафи вакилони маҷлисҳои вилоятию шаҳрӣ 462 нафар барӯмандону собиқадорон, ятимону бепарасторон, ниёзмандон ва беморони бистарӣ аёдат карда шуданд.


Нравится