Тибқи нақшаи чорабинии якҷояи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шӯъбаи маориф ва комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа 12 даста аз рӯйи намудҳои ҳаракатҳои сафӣ ва иҷро кардани амалиётҳои сафгардии даставӣ, давидан ба масофаи 100 метр, ҳаво додани норинҷак ба масофа, ба қисмҳои ҷудо ва ҷамъ кардани қисмҳои яроқи навъи АК, тирҷойкунӣ ба тирдон, тирпаронӣ аз туфанги пневматикӣ дар масофаи 10 метр омодагии ҳарбию варзишии худро намоиш доданд.

Дар натиҷа ҷои якумро дастаи Гимназияи №4, ҷои дуюмро дастаи муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии Ирфон ва ҷои сеюмро дастаи МТМУ № 22 сазовор гардиданд.

Ба ғолибони мусобиқа тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.