"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Аёдати афсарону сарбозон

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришоти Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон субҳи имрӯз 23 июл намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ба қисми низомии 0340-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Шаҳристон воқеъ аст, ташриф оварда, аз рафти хизмати ҳарбии сарбозони ин қисми низомӣ дидан намуданд.


Нравится

Дидорбинии ҳимоятгарони марзу буми Ватан

Имрӯз 23 июл намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Декратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз рафти адои хизмати афсарону сарбозони қисми низомии қушунҳои сарҳадӣ, ки дар деҳаи Вешканди ноҳияи Айнӣ воқеъ аст огаҳӣ пайдо намуданд. Зимни сӯҳбат бо афсарону сарбозон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов аз тинҷию осудагии Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҳарф зада таъкид дошт, ки бояд ҳар як фарзанди Тоҷикистон ин тинҷию осоиштагиро пос дошта ба қадри заҳматҳои пайгиронаи Сарвари давлат бирасанд, зеро барои соҳиб шудан ба ин неъмати ниҳоят барои мардуми Тоҷикистон арзишманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонбозиҳои зиёд карданд.


Нравится

Таъсиси ташкилоти ибтидоӣ

Дар натиҷаи мунтазам бурдани корҳои тарғиботию ташвиқоти фаҳмонидани мақсаду ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар байни ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ рӯз аз рӯз сафи ҳизбиён аз ҳисоби шахсони мавқеи сиёсии худро муайян намуда зиёд шуда истодааст. Айни замон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 3 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 205 ташкилоти ибтидоӣ кору фаъолият мебаранд. Рӯзи гузашта дар шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи таъсисёбии ташкилоти ибтидоӣ шуда гузашт.


Нравится