Рӯзи гузашта раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов аз хонаи пиронсолону маъюбони шаҳри Панҷакент дидан намуда, ба бошандагони инҷо маводҳои хӯрокаву пушока дастрас кард ва онҳоро аз номи роҳбарияти ҲХДТ ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.