"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Таҷлили рӯзи табибон

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи таъмин намудани сиёсати давлат бо назардошти он, ки маҳз солимии миллат пояндагии онро таъмин карда метавонад барномаи худро тартиб дода, таъмини дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббиро маҳз бо роҳи мукаммалсозии низоми идоракунии соҳаи тандурустӣ имконпазир шуморида, бо ин мақсад ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва таъмин кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро роҳандозӣ намудааст. Дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Беморхонаи Физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд бахшида ба иди касбии соҳаи тандурустӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид ва барои табрикоти табибон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзид.


Нравится

Қадршиносии кормандони соҳаи тиб

Ба муносибати иди касбии табибон дар толори Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд маҷлиси тантанавии кормандони беморхона бо иштироки ҳамаи табибон ва ҳамширагони шафқат баргузор гардид. Дар ҷаласаи идона аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Азимов ширкат варзида, табрикоти Роҳбарияти ҲХДТ-ро самъи ҳозирин расонд.


Нравится

Солимии миллат боигарии давлат

Санаи 17 август бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи тиб дар Маркази саломатии шаҳрии №5 шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов иштирок намуда, кормандони марказро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуд.


Нравится